Мо сар бар остон дар ёр ме наҳем
По дар ҳарими каъба аҳрор ме наҳем
Ҳар лаҳзаи сад гуноҳ ва хато мекунем боз
Чашми умед бар карам ёр ме наҳем
Чун кофи кӯҳи қофи шикофад агар ниҳанд
Борӣ ки мо бар ин дил афкор ме наҳем
Чун шодии висоли ту моро надоди даст
Дил бар ғами фироқи ту ночор ме наҳем
Аввал ба оби дидаи худ ғусл ме кунем
Онгоҳ бар дарат лаб ва рухсор ме наҳем
То сар бар остонат ниҳодем пои фақр
Бар ҳафт фарқи гунбад даввор ме наҳем
зи анфоси тести маҷлиси мо машки буи ва мо
Тӯҳмат ба нофи оҳӯӣ тотор ме наҳем
Рӯй халос ҳаст зи банди балои ҳусайн
Чун дил бидон ду турра таррор ме наҳем