Назари баҳоли дил хаста ам наме фиканӣ
Агар чаҳ рӯзу шаб эй дӯст дар даруни манӣ
Сабои зи чини сари зулфат ар баради бўӣӣ
Басии шикаст ки орад ба нофаи хутанӣ
Манам ки аҳди ту эй дӯст нашканам ҳаргиз
Тўӣӣ ки хотири ман лаҳзаи лаҳза май шиканӣ
з рӯй лутфи ту шеър маро писандидӣ
Сазад ки ном барорам кунун ба хуши суханӣ
Манам ки ҷон ба вафодорӣ ту хоҳам дод
Тугар вафо кунӣ эй нозанин вагар накунӣ
Ҳусайн бе рухи ту майл анҷуман накунад
Ки нури дидаи ушшоқу шамъи анҷуманӣ