Як замон бо рафтагон суҳбат гузин

Санъати озоди мардон ҳам бибин

Хезу кори аибку сӯрии нигар

Вои намои чашмӣ агар дории ҷигар

Хешро аз худ бурун оварда анд

Ин чунин худро тамошо карда анд

Сангҳо бо сангҳо пайваста анд

Рӯзгориро ба онӣ баста анд

Дидан ӯ пухта тар созад туро

Дар ҷаҳон дигар андозад туро

Нақши сӯй нақшгар ме оварад

Аз замир ӯ хабар ме оварад

Ҳиммати мардонау табъи баланд

Дар дили санги ин ду лаъли арҷманд

Саҷда гоҳ кист ин аз ман мапурс

Бе хабари рўдоди ҷон аз тан мапурс

Вои ман аз хештани андари ҳиҷоб

Аз Фуроти зиндагии нохӯрдаи об

Вои ман аз бех ва бен бар кандаи ӣӣ

Аз мақоми хеши даври афкандаи ӣӣ

Муҳкамиҳо аз яқин муҳкам аст

Вои ман шохи яқинам бенам аст

Дар ман он неруии ало аллоҳ нест

Саҷдаам шоёни ин даргоҳ нест

Як назари он гавҳар нобе нигар

Тоҷро дар зери маҳтобии нигар

Мармараши зи оби равони гарданда тар

Як дами онҷо аз абади поянда тар

Ишқи мардони сари худро гуфта аст

Сангро бо нӯки мижгон суфта аст

Ишқи мардони поку рангин чун биҳишт

Май кушояди нағмаҳо аз сангу хишт

Ишқи мардони нақди хубонро айёр

Ҳасанро ҳам парда дар ҳам пардаи дор

Ҳиммат ӯ онсӯии гардуни гузашт

Аз ҷаҳон чанд ва чун беруни гузашт

Зонка дар гуфтан наёяд ончӣ дид

Аз замири худ ниқобӣ бар кашид

Аз муҳаббати ҷазба ҳо гардад баланд

Арҷ мегирад азуи ноарҷманд

Бе муҳаббати зиндагии мотами ҳама

Корўборши зишту номуҳками ҳама

Ишқ сайқал мезанад фарҳанг ро

Ҷавҳар ойина бахшад санг ро

Аҳли дилро сина сино диҳад

Бо ҳунармандони яд Байзо диҳад

Пеш ӯ ҳар мумкину мавҷӯди мот

Ҷумлаи олами талх ва ӯ шохи набот

Гармии афкори мо аз нор ӯст

Офаридани ҷони дамӣдан кор ӯст

Ишқи мӯру мурғу одамро бас аст

« ишқ танҳо ҳар ду оламро басаст »

Дилбарӣ беқоҳирӣ ҷодӯгарӣ аст

Дилбарӣ бо қоҳирӣ пайғамбарӣ аст

Ҳар дуро дар кор ҳо омехт ишқ

Олимӣ дар олимӣ ангехт ишқ