Такя бар ҳуҷҷату эъҷозу баён низ кунанд
Кори ҳақи гоҳ ба шамшеру синон низ кунанд
Гоҳ бошад ки таҳи хирқа зира ме пӯшанд
Ошиқони бандаи ҳоли андўи чунон низ кунанд
Чун ҷаҳон куҳна шавад пок бисӯзанд ӯ ро
Ва зи ҳамон обу гули эҷоди ҷаҳон низ кунанд
Ҳамаи сармояи худро ба нигоҳии бидиҳанд
Ин чаҳ қавмӣаст ки савдои бузён низ кунанд
Ончӣ аз мавҷи ҳаво бо пркоҳӣ карданд
Аҷабӣ нест ки бо кӯҳи гарон низ кунанд
Ишқ монанди матоъӣаст ба бозори ҳаёт
Гоҳ арзон бифурӯшанду гарон низ кунанд
То ту бедори шӯй нола кашидам варна
Ишқ корӣаст ки беоҳу фиғон низ кунанд