Зан гирифтам шудам эй дӯст ба доми зани асир

Ман гирифтам ту нагир

Чаҳ асирӣ ки зи дунё шудаам яксараи сайр

Ман гирифтам ту нагир

Буд як вақти маро бо руфақои гардишу сайр

Ёди он рӯзи бихир

Зан маро карда миёни қафаси хонаи асир

Ман гирифтам ту нагир

Ёди он рӯз ки озоди з ғамҳо будам

Так ва танҳо будам

Зан ва фарзанд бибастанд маро бо занҷир

Ман гирифтам ту нагир

Будам он рӯзи ман аз тайифаи дарди кашон

Будам аз ҷамъи хуашон

Хушӣ аз даст бурун рафт ва шудам лоату фақир

Ман гирифтам ту нагир

эй муҷаррад ки буд хўобгҳти бистари гарм

Бистари роҳату нарм

Зани мгир ; ар на шавад хўобгҳти лои ҳасир

Ман гирифтам ту нагир

Банда зан дораму маҳкӯм ба ҳабси абадам

Мустаҳаққи лагадам

Чун дар ин масаъла буд аз худ мухлиси тақсир

Ман гирифтам ту нагир

Ман аз он рӯз ки шавҳар шудаам хар шуда ам

Хари ҳамсар шуда ам

намедиҳад юнҷа ба ман ҷои панир

Ман гирифтам ту нагир