Боз рӯз омад ба поёни шом дилгираст ва ман
То саҳари савдои он зулф чу занҷираст ва ман
Дигарон сари маст дар оғӯши ҷонон хуфта анд
Онкӣ бедораст ҳар шаби мурғ шабгираст ва ман
Гуфта будам зӯдтар дар роҳи ишқати ҷони даҳум
Баъд аз ин то зинда бошам узр таъхираст ва ман
Сбҳаҳу саҷҷодау Меҳрӣ мураттаб карда шайх
То чаҳ пеш ояд худо ё дом тазвираст ва ман
Аз дар шоҳони олами лиззатӣ ҳосил нашуд
Баъд аз ин дар кунҷи азлати хизмат пераст ва ман
Бо чунин раънои Ғаззолии худъаи созу ишваи боз
Панҷаи андари панҷа кардани қувва шераст ва ман
Ҳар гирифторӣ кунад тадбири астхлоси хеш
То гирифтораш шавам пайваста тадбираст ва ман
Манъам аз кӯшиш макун носеҳ ки охир май расм
ё ба ҷонон ё ба ҷони майдон тақдираст ва ман
То нивисам шамае аз шарҳи дарди иштиёқ
Аз сари шаб то саҳари асбоб таҳрираст ва ман
Шоҳ мехоҳам ки гуяд дар рухи аъдои малик
Қатъу фасли ин даъовии кор шамшераст ва ман
Дар низоми амри кишвар дар ривоҷи хати ишқ
Онкӣ битавонад сарафрозӣ кунад мейраст ва ман
Хоҷаи аъзами низоми ассалтана каз хизматаш
Онкӣ нозад бар замину осмон тираст ва ман
Пеши арбоби ҳунар дар як ду байт аз ин ғазал
Қофиягар шоягон шуд узр тақсираст ва ман