Кист он бе шуъӯри дарвешӣ

Ки ҳамеша ба лаб буд хомӯш

На кунад ҳеҷ гуфтугӯ бо кас

На ба ҳарф касе намояди гӯш

Корҳое кунад сафеҳона

Хориқи одату мухолифи ҳуш

Маслан дар ҳавои гарми тамӯз

Хирқаи пашми афканд бар дӯш

Лек дар айни сурати сармо

Тани бараҳнаи намояд аз тани пӯш