Ҳиҷоби зан ки нодон шуд чунинаст

Зани мастура маҳҷӯба инаст

Ба кас додан ҳамоно вақъ нагузошт

Ки бо рўгирии улфат бештар дошт

Балии шарму ҳаё дар чашм бошад

Чу бастии чашми боқӣ пашм бошад

Агар занро биомузанд номӯс

Занад бепарда бар боми фалаки кӯс

Ба мастурӣ агар пай барда бошад

Ҳамон беҳтар ки худ бепарда бошад

Бурун оянд ва бо мардон Биҷӯшанд

Ба таҳзиби хисол худ бакӯшанд

Чу зан таълим диду дониши омухт

Равоқи ҷон ба нур бениш афрӯхт

Ба ҳеҷ афсуни зи исмат бар нагардад

Ба дарё гар биафтад тар нагардад

Чу хур бар олимӣ партав фишонд

Вале худ аз таъарруз давр монад

Зани рафтаи клжи дидаи Фокўлтаҳ

Агар ояд ба пеши ту дкўлтаҳ

Чу дар ваии иффату озарми бинӣ

Ту ҳам дар вай ба чашми шарми бинӣ

Таманнои ғалат аз вай маҳол аст

Хаёли бад дар ӯ кардан хаёл аст

Бирав эй марди фикр зиндагӣ кун

Неи хар , тарки ин хар бандагӣ кун

Бурун кун аз сари наҳсати хурофот

Биҷунб аз ҷо ки фии алтохири офот

Гирифтам ман ки ин дунё биҳиштаст

Биҳиштии ҳур дар лифофа зиштаст

Агар зан нест , ишқи андар миён нест

Ҷаҳон беишқ агар бошад ҷаҳон нест

Ба қурбонати магари сирӣ ? пиёзӣ ?

Ки тӯии буқчау чодари намозӣ ?

Ту мроти ҷамоли зулҷалолӣ

Чаро монанди шaлғaм дар ҷуволӣ

Сару таҳи баста чун дар кӯчаи ое

Ту хонуми ҷон на , бодимҷони мое

Бидон хӯбӣ дар ин чодари криҳӣ

Ба ҳар чизеи биҷузи инсони шабиҳӣ

Куҷо фармуд пайғамбар ба қуръон

Ки бояд зан шавад ғӯли биёбон

Кадомаст он ҳадис ва он хабари кӯ

Ки бояд зан кунад худро чу лўлў

Ту бояд зинат аз мардон бапушӣ

На бар мардон кунӣ зинати фурӯшӣ

Чунин каз пой то сар дар ҳарирӣ

Зании оташ ба ҷон , оташ нагирӣ !

Ба пои путин ва дар сари чодари Фоқ

Намоеи тоқат бе тоқатони тоқ

Биндозӣ гулу гулзори берун

зи Киеву дасткаши дил ҳо кунӣ хӯн

Шавад маҳшар ки хонуми рӯи гирифта

Таъолии аллоҳ аз он рӯи кӯи гирифта !

Паямбар ончӣ фармудаст он кун

На зинати фош ва на сӯрат ниҳон кун

Ҳиҷоби дасту сӯрат худ яқинаст

Ки зиди нас қуръон мубинаст

Ба исмат нест марбӯти ин тариқа

Чаҳ рабтӣ гўз дорад бо шқиқаҳ ?

Нигари андари деҳоту байни элот

Ҳамаи рӯ боз бошанд он ҷамилот

Чаро беисматӣ дар корашон нест ?

Ривоҷи ишва дар бозорашон нест ?

Занон дар шаҳрҳо чодар нишинанд

Вале чодар нишинон ғайр инанд

Дар ақтор дигар зан ёр мардаст

Дар ин меҳнати саро сарбор мардаст

Ба ҳар ҷои зан буд ҳам пеша бо мард

Дар ин ҷои мард бояд ҷон кунад фард

Ту эй бо машку гули ҳамсангу ҳамранг

намегардад дар ин чодари дилати танг ?

На охири ғунча дар сайри такомул

Шавад аз пардаи берун то шавад гул ?

Ту ҳам дастӣ бизан ин парда бурдор

Камоли худ ба олам кун намӯдор

Ту ҳам ин парда аз рух давр ме кун

Дару деворро пар нур ме кун

Фидои он сар ва он синаи боз

Ки ҳам исмат дар ӯ ҷамъаст ҳам ноз