Шуд фасли баҳору гул сало дод
Бар чеҳраи хуби худ сафо дод
Боди саҳарии зи ошноӣ
Пайғоми вафо ба ошно дод
Булбули зи фироқ чанд моҳа
Боз омаду шарҳ моҷаро дод
Афсӯс ки ҷои тести холӣ
эй хонуми дарраи алмъолӣ
Оўх ки баҳори мо хазон шуд
Он рӯй чу гули зи мо ниҳон шуд
Аз чашмаи чашми мо равон шуд
Хуноби ҷигари зи фурқати ту
Дар боғи насиби мо фиғон шуд
Булбули сифат аз фироқи рӯят
Афсӯс ки ҷои тести холӣ
эй хонуми дарраи алмъолӣ
Гарӣем зи дарди иштиёқат
Сӯзем дар оташи фироқат
Байнем зи дӯстон чу тоқат
Ҷуфти алмиму ёри андӯҳ
Ойем чу бе ту дар всоқт
Гӯйем з рӯй дарду ҳасрат
Афсӯс ки ҷои тести холӣ
эй хонуми дарраи алмъолӣ
Аз мо чаҳ хилофи дида будӣ
Кин гӯна мФор намӯдӣ
Рафтӣу зи дасти мо рабӯдӣ
Сари риштаи иттиҳоди мо ро
Дар хоки сияҳ чаро ғунудӣ
Ҷои ту ба рӯй чашми мо буд
Афсӯс ки ҷои тести холӣ
эй хонуми дарраи алмъолӣ