Субҳи дам кин тоири чархи ошён
Офтобӣ гардад аз болои кӯҳ
Тафтаи рух , боли кӯбон , пурзанон
Аз пару болаш чаман гирад шиква
Нағма хон мурғи саҳар бар шохсор
Бинии он парвонаи хуши холу хат
Ҷустаи берун аз ғилофи перҳан
Бо пару болии пар аз заррини нқт
Сар занад як як ба гулҳои чаман
Бӯсади инро ғабғаб ва онро изор
* * *
* * *
Ҳамчунон он тифлаки ширини забон
Бо рухии сурху сипед аз шеру хӯн
Он ду чашми барқи зан чун ахтарон
Сар кунад шодони зи шодиҷаҳи бурун
Бингарад атрофи худро шоди хор
Бо табассумҳои ширинтар зи қанд
Ҳамчуи парвонаи кушояди болу пар
Бар ҷаҳд аз ҷо чу аз миҷмари сапанд
Дасти модари бӯсад ва рӯй падар
Ин дар оғӯшаш кашад он дар канор