Меҳр рӯй он бути симини бадан
Воннигор дилбари ширини сухан
Зулф ӯ чун анбару бӯяш чу гул
Наргисаш чашмасту оризи ёсуман
Ғунча гар бинад ду лаъли ҷони Фзош
Пеши ман дигар ки накушояд даҳан
Гар бибинад қомату болой ӯ
Дар чаман аз қад биафтад норван
Гар ниқоб аз чеҳра бигушоед нигор
Гули фурӯи резади зи шармаш дар чаман
Гар кунад бар хоки муштоқони гузар
Мурда бар бӯяш бадаранд кафан
Бар ҷаҳон чандин макун хорӣу ҷавр
эй бути бдхўӣ ман бишинав зи ман