Надорам дил ки дил бурдорам аз ту

Агарчӣ ҳаст баси озорам аз ту

Гули васлат ба даст дигаронаст

Насиби охир чаро шуд хорам аз ту

Азизи бас касе будам нигоро

Кунун чун хоки бории хорам аз ту

Бипурс аз рӯй зарду оҳи сардам

Кунун чун гарм шуд бозорам аз ту

Агар ёрӣу дилдорӣ чунин аст

Бирав ҷоно ки ман безорам аз ту

Чаро борӣ набошад бар дарат бор

Вале бар дил буд баси боРом аз ту

Ниҳоли қоматати хуш дар баромад

Биҳамдиллоҳ ки бархӯрдорам аз ту