Толибони сари Кувайти рух ҷонон талабанд

Рухи ҷонон на муродаст магар ҷон талабанд

Ин длилист ки дар сӯрати хубони ҳамаи халқ

Гашта ҳайрон ҷамоланду ҳама он талабанд

Чун туе мояи дармони дили ушшоқон

Дардмандони ту аз лутфи ту дармон талабанд

Чун ман ошуфтаи он рӯй чу моҳат шуда ам

Дар сари кӯии ту аз мо сар ва сомон талабанд

Бар сари кӯии ту чун ҳаст сегонро борӣ

Ошиқони ту чаро бори з дарбон талабанд

Чун туе соя ӣ холиқ ба сари халқи ҷаҳон

Сояи марҳамати шоҳ ҷҳонбон талабанд

Ғарқи тӯфон бало гашта дилу ҷон ва чу Нӯҳ

Дасти умеди бароварда ва дармон талабанд