Соқио ! ақли маро маст кун ар ҷомӣ ҳаст
Пухтаи пеши ор ки дар маҷлиси мо хомӣ ҳаст
Ҳар касеро нарасад мастии майхонаи ишқ
Мо ва май хӯрдан аз ин майкада то ҷомӣ ҳаст
Каъбаи зинда дилонаст хароботи Муғон
Ҳам азин кӯй талаб кун агарат комӣ ҳаст
Он чунон волау ошуфтаи он зулфу рухам
Ки ним огаҳ агар субҳӣ вагар шомӣ ҳаст
Холи мишкӣн туам кард асири сари зулф
Ҳар куҷои донае афканда буд домӣ ҳаст
На ман сӯхтаи савдои ту май варзаму бас
Ҳар касеро ки дилӣ ҳаст дил оромӣ ҳаст
Зоҳиди савмиъау ринди хароботи Муғон
Ҳар якеро ба баду нек саранҷомӣ ҳаст
Накунад орзӯии ҳуру таманнои биҳишт
Ҳар ки дар маҷлис ӯ чун ту гул андомӣ ҳаст
Ба сухани ном ту шуд зиндаи ҷовиди ҷалол !
То нишонеи з ҷаҳон ҳаст туро номӣ ҳаст