Соқио ! хез ва биор он оби рангомез ро

Ваон ҳарифи талхи ширини кори шӯрангез ро

Ҷузи ҳадиси риндӣу қлошӣ аз риндон мапурс

Мо чаҳ медонем расми тавбау парҳез ро

Гӯи биё аз ошиқон омӯз андари ним шаб

Кист кин маънӣ бигӯед зоҳиди шаби хез ро

То бирезанд зи таби ғамро зи дили Сурхоби нӯш

Бар сари Сурхоби рӯ то бенгарӣ табриз ро

Ваа ки ҷонамро ба танг оварад аз ҷаври фалак

Гӯ ба даст меҳр ронад захми теғи тез ро

Соқио ! дар даҳ зи срҷўши саодати соғарӣ

То ба мастӣ башиканам ин чархи меҳнати без ро

Хезу хоки кӯии майхона ба дастовар ҷалол !

То бадв равшан кунӣ ин дидаи хўнриз ро