То кӣ андари талабати дил ба ҷаҳон дар гардад

Бе сарви по шуда чун ҳалқа ба ҳар дар гардад

Шамъи сони ҷони ман аз ҳиҷри лаби ширинат

Чун бгриди зи сари сӯз мунаввар гардад

Меҳр рӯй ту дар ойӣна дил ҳаст чунонк

Сӯрати меҳр дар ойӣна мусаввир гардад

Чун хаёли лабу дандони ту дар чашм ояд

Ашки чашмами ҳама чун лаъл ва чу гавҳар гардад

Қади ту бахт баландаст чу гирам ба буриш

Бо қади бахти қадами рост баробар гардад

Агар обии зи даҳонат ба замин андозӣ

Хок аз лутфи лабати чашма кавсар гардад

Бикашам меҳнати ҳиҷрони ту бар гардани ҷон

То магари давлати васли ту муяссар гардад

Ишқ пинҳон натавон дошт маҳоласт маҳол

Котши андари ҷигари сӯхта мзмр гардад

Ҳам зи дасти ғамат аз пои даройад чу ҷалол

Ҳар ки ӯро ҳаваси васли ту дар сар гардад