Гули ҳамчуи рӯят зебо набошад

Наргис чу чашмат раъно набошад

Дардӣ чу дардам мушкил наёбӣ

Ҳоле чу ҳолам расво набошад

Бемори худро ҳам пурсишӣ кун

Коҳўоли олам пайдо набошад

Монанди ашкам борон наборад

Чун сайли чашмам дарё набошад

Гуфтӣ ки васлам фардо биёбӣ

Имрӯз хоҳам фардо набошад

Аҳволи худро пеш ки гӯям

Чун бо ту гуфтан ёро набошад

Аз ғам ҷалоласт афтода то ту

Дасташ нагирӣ бар по набошад