Маро чу ту рух боз кунӣ тоб набошад
Чун рӯз шавад равнақ маҳтоб набошад
Аз тишнагии лаъли ту дар кӯй ту меРом
Бо хок бисозем агар об набошад
То бар накунад наргиси масти ту сар аз хоб
Шак нест ки дар дидаи мо хоб набошад
Онро чаҳ хабар бошад аз аҳволи дили мо
Каз хӯни ҷигари ғарқа ғарқоб набошад
Ҷуз рӯй тугар каъба набошад аҷабӣ нест
Онро ки ҷузи абрӯии ту миҳроб набошад
Ишқӣ ки ҳақиқӣ набӯд завқ набахшад
Мастӣ накунад бода агар ноб набошад
Моу ғаму сахтӣ ва дар дӯст ки набӯд
Аз бобати мо ҳарчӣ азин боб набошад
Гар ашк маро нест сукӯн , турфа мадоред
Кин хосияти андари тан симоб набошад
Шодии ҷалол ар чаҳ буд бе майу маъшӯқ
Ъушрат натавон кард чу асбоб набошад