Зон сухан гӯш кун ҷавоб дигар

Ки ҷуз ин нест айни феълу асар

Балки чун аз такаррури аъмол

Асарӣ монад дар дили уммол

Рӯзи маҳшар ба қудрати қодир

Дар либос сувар шавад зоҳир

Нест сӯрати бъинҳои маънӣ

Раҳи зи сӯрати басии сет то маънӣ

Он ба ин мунқалиб нагардад лек

Кисватӣ бошадаш муносибу нек

Малики хобро нигар ки чаҳ сон

Кунад изҳор дар хаёли касон

Баҳр ҳар маънӣии зи ҷинси сувар

Кисватии баси муносиб ва дар хур

Чун шӯии ҳирсу озро мақҳур

Мӯши бинии рафиқи худ ё мӯр

Чун шавад фараҷу батнро мағлуб

Аз хару гов бар ту ояд кӯб

Дид дар хоби соҳиби хурдӣ

Ки Фму фараҷи халқ меҳр задӣ

Хоби худро ба ибн сайрин гуфт

Ибни сайрин ҷавоб ширин гуфт

Гуфт моҳи сиём қабл алФҷр

Гуфтае фаҷрро азони паии аҷр

Бонг бе вақти ту зи аклу ҷимоъ

Гашта аҳли маҳалларо мноъ

Аз ту он манъ чун муқарар шуд

Дар хаёлати чунин мусаввир шуд

Ҳамчунин ҳар сифати зи нақсу камол

Ки шавад дар ту росих аз афъол

Рӯи намояд ба қудрати холиқ

Дар қиёмат ба сӯрати лоиқ

Маънии оризӣ буд ӣнҷо

Сӯратӣ ҷавҳарӣ шавад фардо