Ёд кун онкӣ дар шаби усаро

Бо ҳабиби худои халили худо

Гуфт : гӯй аз ман эй расӯли киром

Уммати хешро зи баъди салом

Ки буд поку хуши замини биҳишт

Лекини онҷо касе дарахт накишт

Хок ӯ поку таййиби афтода

Лек ҳаст аз дарахтҳо сода

Ғарси ашҷори он ба саъии ҷамил

Сбҳлаҳи ҳамди ?лаи сети пас тҳлил

Ҳаст такбир низ азон ашҷор

Хуш касе каши ҷуз ин набошад кор

Арз фонӣанд ин калимот

Нест шан дар ду он бақоу сабот

Лек ҳақ аз камоли халлоқӣ

Созад онро ҷавоҳири боқӣ

Ҳар якеро ба сӯрати шаҷарӣ

Бинмоед гирифтаи бору барӣ

Боғи ҷиноти тҳтҳоолонҳор

Сабз ва хуррам шавад азон ашҷор