Ишқ ҳар чанд байн байн омад
Майлу ҷазбии з ҷонибин омад
Лек ишқ ҳақаст асл дар он
Партави он фитода бар дгарон
То бар аҳли талаби худои Маҷид
Мутаҷаллӣ нашуд ба исми мурӣд
Ба иродат нашуд касе мавсуф
Ба муҳаббат нашуд касе маърӯф
Зоти ҳақ бо ҳамаи сифот ба ҳам
Ҷузи вуҷуби вуҷӯду наъти қадам
Дар ҳақиқат босрҳо сорӣаст
Дар маҷории ҷисм ва ҷон ҷорӣаст
Лек пардаи з рӯй худ накушод
Ҳеҷ ҷои ҷуз ба қадари истеъдод
Он яке мустаъиди доноӣ
Ваон дигар қобили тавоноӣ
Илму дониш азон яке зад сар
Феъл ва қудрат намӯд азон дигар
Шуд яке мазҳари иродату хост
Шеваи ошиқӣ азу бархест
Тофт бар ваии ҷамоли ъзи қадам
Дар раҳи ошиқии ниҳоди қадам