Зад ҳакимӣ ба тарафи боғи қадам
Дид зоғу кабӯтарӣ бо ҳам
Ҳар ду фориғ нишаста бар як шох
Дар забоноварӣ ба ҳам густох
Мондаи ҳайрон ба фаҳми хурдаи шинос
Кин на бар вифқ ҳикматасту қиёс
Суҳбати ҷинси ҷуз ба ҷинс ки дид
Улфат бемуносибат ки шунид
Ногуҳ аз шох омаданд фурӯ
Ба таманнои об бар лаби ҷӯ
Бар сари хок дар шитоб шуданд
Ланги лангон ба сӯй об шуданд
Дид аз онҷо ки тези фарҳангист
Ки майонишон муносибати лнгист
Лангии пои расонад бар ҳамашон
Дар такопуии сохт ҳамдамашон
Ки туро шавқ он шавад ҷомӣ
Ки раҳеи ҳамчуи мива аз хомӣ
Шева норсидгон бигзор
Расму роҳ расидагон бурдор
То зи хомии хеш ва ҳеҷ касе
Ба мақом расидагӣ барисӣ
Сӯии покон таваҷҷӯҳӣ ме кун
Ба такаллуф ташаббуҳӣ ме кун