Шаҳриёрӣ буд дар Юнони замин

Чун Сикандари соҳиби тоҷу нигин

Буд дар аҳдаши яке ҳикмати шинос

Кохи ҳикматро қавӣ карда асос

Аҳли ҳикмати як ба як шогирд ӯ

Ҳалқаи бастаи ҷумлаи гирдогирд ӯ

Шоҳ чун донист қадарашро шариф

Сохташ дар хилвату суҳбати ҳариф

Ҷуз ба тадбираш нарафтӣ ним гом

Ҷуз ба талқинаши нҷстии ҳеҷ ком

Дар ҷаҳонгирии зи бас тадбир кард

Қоф то қофаши ҳама тасхир кард

Халқро аз адлу ҷўдши сохт кор

Шуд бидон бунёди маликаши устувор

Шоҳ чун набӯд ба нафаси худ ҳаким

То ҳакимӣ набӯдаш ёру надим

Қасри маликашро буд бунёди суст

Кам фитад қонӯни ҳукм ӯ дуруст

Холӣ аз наъту нишони адлу зулм

Фарқи натавонади миёни адлу зулм

Зулмро бандад ба ҷои адли кор

Адлро донад ба сони зулми ор

Олам аз бедод ӯ гардад хароб

Чашмасор малику дайн аз ваии сароб

Нуктае хуш гуфтааст он дурбин

Адл дорад маликро қоим на дайн

Куфри кешии кӯ ба адл ояд фара

Маликро аз золими дайндор ба