Чун ба тадбири ҳакими номдор
Ёфт гетӣ бар шаҳи Юнони қарор
Сар ба сари гетии мусаххари сохташ
Сонии аснини Сикандари сохташ
Як нигини вор аз ҳама рӯй замин
Хориҷаш нагузошт аз зери нигин
Шаҳи шабӣ дар ҳоли хеш андеша кард
Шеваи неъмати шиносӣ пеша кард
Халъати иқбол бар худ чуст ёфт
Ҳар чаҳ аз асбоби давлат ҷуст ёфт
Ғайри фарзандӣ ки дар ъзу шараф
Аз пас рафтан буд ӯро халаф
Дар замири шаҳ чу ин андеша хост
Гуфт бо донои ҳикмати пешаи рост
Гуфт эй дастури шоҳии пешаи ?ут
Офарини бодо бар ин андешаи ?ут
Ҳеҷ неъмати беҳтар аз фарзанд нест
Ҷуз ба ҷони фарзандро пайванд нест
Ҳосил аз фарзанд гардад коми мард
Зинда аз фарзанд монад номи мард
Чашми ту то зиндае равшан ба ӯст
Хоки ту чун мурдае гулшан ба ӯст
Дастат ӯ гирад агар уфтии зи пой
Поят ӯ бошад агар Монӣ ба ҷой
Пушти ту аз пуштяш гардад қавӣ
Умрат аз дидор ӯ ёбад навай
ӯст барон дар сафи ҳиҷо чу теғ
Тирборон бар сари аъдо чу меғ
Чун ба ҳамкорон шавад душмани шикан
ӯ ба ҷон кӯшиш кунад эшон ба тан
Душманатро шева аз вай шеван аст
Хоссаи гӯйии баҳри қаҳр душман аст