Никхўоҳии хоссаи кӯро ёвар аст

Гашта пайдо бо вай аз як гавҳар аст

Карда ҷо дар сояи иқбол ӯ

Сояи вори афтода дар дунбол ӯ

Ҳар куҷои ин офтоби он партав аст

Ҳар куҷои он пешвои ин пайрав аст

Гарчи бар маҳди хилофат зода аст

Бар хилофаши як қадам наниҳода аст

Волии Мисри ҷалолу эҳтишом

Буд аз он рӯ Юсуфаш карданд ном

Рашки Юсуфи талъати зебоӣ ӯ

Чун Зулайхои олимии шайдоӣ ӯ

Ҳар ки май оради Рахшро дар назар

намезанад гулбонги мо ҳозои башар

Гарчи ҳаст ӯ як бародари шоҳ ро

Ҳаст бо сад ҷони баробари шоҳ ро

Омад ӯ шаҳро бародари ёри ҳам

Дар замона бошад ин бисёр кам

Гуфт бо донишварии он содаи мард

К-эй ба дониш назд ҳар озодаи фард

Боз кун зини нуктаи пӯшидаи пӯст

Ки бародар ба буд ё ёру дӯст

Гуфт набӯд назд донои ҳеҷ чиз

Зон бародар ба ки бошад ёр низ

Бар сари гардуни худоёи моҳу сол

То фироқ Фрқдон бошад маҳол

Ин ду ахтарро ба ҳам тобандаи вор

Бар сарири мкрмти пояндаи дор