Қиблаи ҳиммати худои шинос

Ҳаст бар неъмати худои сипос

Хосса бар неъматӣ ки дайр бақост

Дар ҷаҳон то ҷаҳон ба ҷост ба ҷост

Чист он нуктаҳои ҳӯшёрон

Назму насри бадеъи гуфторон

Нест шуғлии пас аз сипоси худоӣ

Беҳтар аз наъти хоҷаи ду сарой

Он ки бепарда дар нишемани роз

Сухан аз вай ба пояи эъҷоз

эй хуши он софии дили инсофи ҷӯй

Каш буд дар шеваи инсоф рӯй

Дар ҷаҳон бар ҳар чаҳ андозад назар

Айбро бигузорад ва бинад ҳунар