Рӯзии Искандар бо сарҳангон хеш барнишаста буд , яке аз эшон гуфт : худованд - субҳона - туро малик бузург додааст , занон бисёр кун то фарзандони ту бисёр гирданду ёдгори ту андар ҷаҳон бимонад .

Ҷавоб дод ки ёдгори мард на фарзандон ӯст балки суннатҳои хуб ва сиратҳои некӯаст , некӯ набӯд он кас ки бар мардони ҷаҳон ғалаба кардааст занон бар вай ғалаба кунанд .

Чу нест пеши падари ӣнқадари яқин ки писар

зи хайл бехирадонаст ё хирадмандон

Басаст сирати некӯи ҳакимро фарзанд

Забуни зан чаҳ шавад бар умеди фарзандон