Бо чунин қомату боло ки туе
Кист сарви чамани онҷо ки туе
Ба дамӣ зинда кунӣ сад мурда
Исои имрӯз ҳамоно ки туе
Чанд гӯйӣ ки бигӯ ҷон ту кист
Ба худо эй бути раъно ки туе
Чун тавонем ки ошиқ нишуем
Бо чунин сӯрати зебо ки туе
Ҷомёи шуҳраи шӯии зуд ба ишқ
Ин чунин волау шайдо ки туе