Нознинои зи ниёзи шабами огоҳи туе

Воқифи оҳу дами сарди саҳаргоҳи туе

Моҳро ин ҳамаи ойини шаб афрӯзӣ чист

Гар на бинмуда рух аз оинаи моҳи туе

Буд дилхоҳи мусаввир ки кашад нақши малик

Нақш ангехта бар мӯҷиби дилхоҳи туе

Бршкни анҷумани анҷуму маро комрўз

Офтоби фалаки манзалату ҷоҳи туе

Бо ту дар малик малоҳат насазад шоҳ дигар

Хуш барон Рахш ки ҳар ҷо ки рӯй шоҳи туе

Дар раҳи ишқ ба ҷузи меҳнат ва ғам нест вале

Чаҳ ғам аз меҳнат роҳаст чу ҳамроҳи туе

Ҳоҷати қибла сӯрат набӯд ҷомӣ ро

Қиблаи ҳоҷаташи алмнаҳи ллаҳи туе