Резами зи мижаи кавкаб бе моҳи рахти шаб ҳо

Торик шабӣ дорам бо ин ҳамаи кавкаб ҳо

Чун аз дили гарм ман бигузашт хаданги ту

Аз бӯса пайконаш шуд обилаам лаб ҳо

Аз бас ки гирифторон марданд ба кӯии ту

Бодаши ҳама ҷон бошад хокаши ҳамаи қолаб ҳо

Аз тобу туф ҳиҷрон гуфтам сухани васлат

Буд ин ҳазёни ореи хосияти он таб ҳо

То даст баровардӣ зон ғамза ба хунрезӣ

Бар чарх равад ҳар дам аз дасти ту ёрб ҳо

Шуд насхи хати ёқӯт акнӯн ҳамаи раъноён

Таълими хат аз лаълат гиранд ба мактаб ҳо

Ҷомӣ ки паии мазҳаби атрофи ҷаҳони гаштӣ

Бо мазҳаби ишқи ту гашт аз ҳамаи мазҳаб ҳо