Баради шухии дили зи ман аммо нахоҳам гуфт кист

Гар баранд аз тани серум қатъан нахоҳам гуфт кист

Он ки моро дар ҷудои сӯхти сар то по чу шамъ

Гар маро сӯзанд сар то по нахоҳам гуфт кист

Гарчи дарё шуд канор аз ашк ва ин ҳар ҷо расед

Гавҳари мақсӯди азин дарё нахоҳам гуфт кист

Некӯон дар чашми ман бисёр оянду раванд

Он ки дорад дар дилу ҷон ҷо нахоҳам гуфт кист

Сарви болоёни басӣ май байнам аммо он ки нест

Кас ба ҳасану лутфи азу боло нахоҳам гуфт кист

Дорам аз ширини лабӣ шурӣ надонам чун кунам

Кин нахоҳад ёфт таскин то нахоҳам гуфт кист

Ёр бемеҳр ва вафо мехонд ҷомиро ба таън

Гуфт худро дон ки ман инҳо нахоҳам гуфт кист