То диламро по дар он кӯ баста шуд

Роҳи рафторами з ҳар сӯ баста шуд

Ноқаи азми ҷаҳони паймоӣ ро

Бар сари он кӯии зону баста шуд

Баҳри чашми бади дили ман пари дуо

Ҳамчуи тъўизш ба бозу баста шуд

Он миён омад чу мӯем дар хаёл

Риштаи ҷонам ба он мӯ баста шуд

Шишаи дилро ба фикри қоматаш

Дар даруни сад нахли дилҷӯ баста шуд

Чашм ман ноед ба ҳам шабҳо магар

Нӯки мижгонам ба абрӯ баста шуд

Аз сухани ҷомӣ чаҳ лофади каши забон

Пеши он лаъли сухангӯ баста шуд