Дардо ки ишқи ёр ба девонагӣ кашид
Хати ҷунун ба дафтар фарзонагӣ кашид
Эзад чу шамъи ҳасан вай афрӯхт дар азал
Бар мо рақам ба мансаб парвонагӣ кашид
эй ман ғуломи ҳиммати он ринди покбоз
Кӯи дарду доғи ишқ ба мардонагӣ кашид
Наниҳанд ҷуз ба хотири вайронаи ганҷи ишқ
Маъмури хотирӣ ки ба вайронагӣ кашид
Ҷо кун даруни поки замирӣ ки оқибат
Зини шеваи кори қатра ба дурдонагӣ кашид
Ҳар кас ба кӯии ошиқӣ аз хону мони гузашт
Бо ӯ ҳабиби рахт ба ҳам хонагӣ кашид
Ҷомӣ дар ошноӣ ва ёрӣ намӯд саъй
Чандон ки табъи дӯст ба бегонагӣ кашид