Моҳи ман то камар аз мӯӣ миён накушояд
Бедилонро гиреҳ аз ришта ҷон накушояд
Чун бунафшаи зи қафои боди забони сӯсан ро
Гар ба озодии он сарв забон накушояд
Гар бибинад садафи он ҳуққа дар гарчи фитад
Ҷои қатраи гуҳар аз абр даҳон накушояд
Он ду лаб ҳаст ду кони шукр ар шаҳди фуруш
Бинад онро дигар аз шарм дукон накушояд
Дар гулӯи гиряи гиреҳ гашт бисӯзад дил агар
Теғи он шӯхи раҳи оҳ ва фиғон накушояд
То ишорат накунад абрӯӣ ӯ чархи фалак
Бар дилами тири балоеи з камон накушояд
Пеши афсурдаи дилони арзи сухани ҷомӣ чанд
Дафтари хеши гули айём хазон накушояд