Ҷудоӣ мекунад бунёди мо ро

Худо бастанд аз вай дод мо ро

Мақоми моҳи мо олии сет эй ҳиҷр

Баланд оҳанг кун фарёди мо ро

Ба мо ҷузи ишқи он бдхў наёмухт

Худои некии дҳоди устоди мо ро

зи хубони манъи мо чанд эй бародар

Чу донеи хуии модарзоди мо ро

Насимо ҷониби бустон гузар кун

Бигӯӣ он нозанини шамшоди мо ро

Ки ҷузи побӯси ту асбоби шодӣ

Набошад хотири ношоди мо ро

Ба ташрифи қудуми худ замонӣ

Мушарраф кун хароби ободи мо ро

Мурӣдӣ нест ҷомии толиби рушд

Ба май даҳ хирқаи иршоди мо ро