Басӣ сӯзанд азон шамъи дили афрӯзӣ ки ман дорам

Вале таассур дигар дорад ин сӯзӣ ки ман дорам

Магари рӯзи туро шаби созам аз беМеҳрӣ эй гардун

Ки бе он маи зи шаб кам нест ин рӯзӣ ки ман дорам

Чаҳ ранҷоанд табибам чун буд сад дардро марҳам

зи ту дар сина ҳар пайкони длдўзӣ ки ман дорам

Чаҳ ғам дорам зи торикии шабҳо дар даруни ҷон

бад-инсон офтоби олами афрӯзӣ ки ман дорам

Шудам фирӯз бар васлат ба рағми чархи фирӯза

Ки дорад дар ҷаҳони ин бахти фирӯзӣ ки ман дорам

Ману ғамҳои рӯзафзӯни ту каз шодӣу ъушрат

намеосоед ин ҷони ғами андӯзӣ ки ман дорам

Шуд имшаби хоби ваҳшии роми ман афғон макун ҷомӣ

Мабодо Ром кунад мурғи нави омӯзӣ ки ман дорам