Ҷудои зи лолаи рухи худ баҳорро чаҳ кунам

Ҳазор доғ ба дили лолаи зорро чаҳ кунам

зи хӯни дидаи канорам параст бе лаби ёр

Канори кишту лаби ҷӯйборро чаҳ кунам

Гирифтам онкӣ кунам дидаро ба гули машғӯл

Даруни ҷону дили ин хори хорро чаҳ кунам

Ба тўФи боғи ғами рӯзро барам берун

Балоу меҳнати шабҳои торро чаҳ кунам

Ғуборӣ аз раҳи он мшкбў ғизол расед

Ба ҷузи абири кафани он ғуборро чаҳ кунам

Шикофи синаи тавонам ки бандам аз марҳам

Таровуши мижаи ашкборро чаҳ кунам

Малулам аз ду ҷаҳон беҷамол ӯ ҷомӣ

Чу ёр нест ба дасти ин диёрро чаҳ кунам