Аз чашми хўобноки ту бехоб монда ем
Вази ҷаъди тобдори ту битоб монда ем
То дидаем гӯшаи миҳроби абрӯят
Чун обидон ба гӯшаи миҳроб монда ем
Ҳар ҷо кашидаем зи дили оҳи оташин
Сад доғ азон ба синаи аҳбоб монда ем
Бар чун диҳад ниҳоли умеди ин чунин ки мо
Аз ҷӯйбори лутфи ту беоб монда ем
Гар чашми мо зи гиря чу дарё шавад равост
Зинсон ки давр азон дар ноёб монда ем
Паҳлу ки мондаем дар он кӯ ба хору хас
Гӯйӣ ба чорболши санҷоб монда ем
Ҷомии ҳадиси хирқау саҷҷода то ба кӣ
Мо ҳар чаҳ буд раҳн май ноб монда ем