Зулфи ту умр мост ме гӯям
Ин сухан ъмрҳост ме гӯям
Баҳри ҷону дили он ду рухсора
Гӯна гӯна балост ме гӯям
Хат ту гуфтаанд машки хато
Ин ҳикоят хатост ме гӯям
Манъ то кӣ зи носазои рақиб
Ончӣ ӯро сазост ме гӯям
Дар вафои ту рост чун алифем
Ба вафоят ки рост ме гӯям
Май барии номи ним лаҳзаи фироқ
Тоқати он ки рост ме гӯям
Бо ҳадиси лаби ту ҷомӣ ро
Мурғ ширин навост ме гӯям