Биё эй ашк то бар рӯзгор хештан гарем
Чу шамъ аз меҳнати шабҳои тор хештан гарем
Надорам меҳрбонӣ то кунад бар ҳоли ман гиря
Ҳамон беҳтар ки худ бар ҳоли зор хештан гарем
Марои ҳам дар ғарибии шӯхи чашмии офат ҷон шуд
Нагӯйӣ каз ғами ёру диёр хештан гарем
Набошад дар баҳорони давр аз абри чамани гиря
Ман он абрам ки давр аз навбаҳор хештан гарем
Мадад фармо ба хӯн эй дил ки дар чашмам намонад обӣ
Ки хоҳам имшаб аз ҳиҷрони ёр хештан гарем
зи ҳиҷрон буд гиряи пештар аз ваъдаи васлат
Кунун аз дарду доғи интизор хештан гарем
Магӯ ҷомӣ нишоед гиря аз бедоди мҳрўён
Ки ман чандини зи бахти хоксор хештан гарем