Он тарки ним маст ки ҷон шуд хароб ӯ

Сад бор сӯхтем зи нозу итоб ӯ

Бар тарафи бом агар ма шабгард бинадаш

Шарманда гардад аз рух чун офтоб ӯ

Ман кистам ки бӯсаи занами пои дӯсти кош

Ёбам ҳамин маҷол ки бӯсами рикоб ӯ

Дар рӯй ӯ шуҳуди ҷамол азон тавон

Гар дар миён ҳиҷоб нагардад ниқоб ӯ

Чун дирафшон шавад лаб ӯ чун садаф шавам

Сар то ба пои гӯши зи завқи хитоб ӯ

Бӯдан ба кӯй ӯ натавонам шаби фироқ

Тарсами фиғони ман барад аз дидаи хоб ӯ

Гоҳи суоли бӯса ба ҷомӣ нагуфт ҳеҷ

Яъне ки нест ғайр хамӯшӣ ҷавоб ӯ