То бастае ба турраи ънбрФшони гиреҳ

Ушшоқро фитода ба рагҳои ҷони гиреҳ

намекард шонаи шарҳи ҷамоли ту мӯ ба мӯ

Ногуҳ фиканд зулфи тўош бар забони гиреҳ

Соқии зи ҷоми лаъли ту як нукта гуфт дӯш

Дар ҳалқ шиша шуд май чун арғавони гиреҳ

Хоҳад фиреби мурғи чамани боғбон ки зад

Ҷаъди бунафша бар тарафи бӯстони гиреҳ

Мо хӯни кушодаи баҳри шикархандааш зи чашм

Ваов хуш ба рағм мо зада бар абрувони гиреҳ

Тоб гиреҳ наёвард аз лутфи он миён

МФкни худоиро зи камар бар миёни гиреҳ

То дид ҷомии он гиреҳи зулф бар изор

Сад орзӯаст дар дили мискин азон гиреҳ