эй турраи ту хами хаму гесуи гиреҳи гиреҳ

Вази ҷаъди печи печи ту ҳар мӯи гиреҳи гиреҳ

Хоҳии зи паҳлавии ту кушояди дилами зи банд

Банди қабои гушои зи паҳлуи гиреҳи гиреҳ

Он зулфро ба машк чаҳ нисбати казин матоъ

Дар чин ба бод медиҳад оҳӯи гиреҳи гиреҳ

Шуд умрҳо ки ҳамчуи санавбар буд маро

Дар дили зи шавқи он қади дилҷӯи гиреҳи гиреҳ

Чашмат ба ишва зад ба раги ҷони гиреҳи балӣ

Бандад ба риштаи мардуми ҷодӯи гиреҳи гиреҳ

Зулфи ту бар изори ту гӯйӣ фитода аст

Ҷаъди бунафша бар гули худруи гиреҳи гиреҳ

Аз гиряи шабонаи ҷомии нишонае сет

Хӯнҳои баста бар мижа ӯ гиреҳи гиреҳ