Рух намӯдӣ сафо ҳамин бошад
Хат фузудӣ бало ҳамин бошад
Корам аз турраи ту дарҳам шуд
Кори боди сабо ҳамин бошад
Кшмт гуфтае барои худо
Аз барои худо ҳамин бошад
Фикри васли ту ҳар киро гуфтам
Гуфт мохўлё ҳамин бошад
Шуд зи меҳрати миси вуҷӯдами зар
Асари кимиё ҳамин бошад
Ту шаҳии хайли некӯони ҳишмат
Ҳишмату кибриё ҳамин бошад
Бинмо абрувон ки ҷомӣ ро
Қиблаи гоҳи дуо ҳамин бошад