Ҳасанат аз хати равнақ дигар гирифт
Шеваи ошиқи кашӣ аз сар гирифт
Халъати ҳасанати зи зевари сода буд
Аз тарози анбарин зевар гирифт
Шуд ба хӯбии ҷилвагар товуси қудс
Равзаи фирдавси зер пар гирифт
Гирди рӯяти ҷаъди мишкӣн ҳалқа зад
Шохи сунбули лоларо дар бар гирифт
Сабзаи нав аз лаб лаълат дамид
Тӯтӣ омад туъма аз шукр гирифт
То шавад мишкӣни шмомаҳи ғабғабат
Себи симин дар абир тар гирифт
Ҷомӣ аз хату рахт рамзӣ навишт
Сафҳаи кофур дрънбр гирифт