Блбло ҳар шаби туро ин нолаҳои зор чист

Лаҳнҳои хуши зи минқорат чу мўсиқор чист

Ҳар сабақ каз дафтари гули хондае чун ёд туаст

зи аввали шаб то дами субҳи ин ҳама такрор чист

Гар Неи Мӯсоу бустони водии эмини ту ро

Ин фурӯзони оташи гул бар дарахт хор чист

Гар на гулшани коргоҳ Монӣаст аз тозаи гул

Ҳар тарафи сад доира бегардиш паргор чист

Воъизам хонд ба зуҳду тавбау мутриб ба май

Дар миёни ман мондаи ҳайрон то салоҳ кор чист

Солҳо дар хизмати пери Муғони зуннори банд

То шавад равшан ки сар бастан зуннор чист

Ҳарчӣ ояд чун буд бар мӯҷиби фармони дӯст

Зоҳид хилват нишинро ин ҳама пиндор чист

Бар срири хомаи ҷомигар на чашмат хӯн гирист

Ҷо ба ҷои сурхии туро бар дафтар ашъор чист