Ёр бар дида роҳ карду гузашт

Дидаро ҷилва гоҳ карду гузашт

Будам афтодаи хор бар роҳаш

Ба ҳақорат нигоҳ карду гузашт

Бурқаъи зулфи пеш рӯй кашид

Рӯзгорам сиёҳ карду гузашт

Оҳами азуии ҳавоӣ кайвон дошт

Рахна дар меҳр ва моҳ карду гузашт

Хостам дод хеши азуи гирён

Ханда бар додхоҳ карду гузашт

Дид сӯфии сафои майхона

Пушт бар хонақоҳ карду гузашт

Рафт ҷомӣ ба қасди дидораш

Бом ва дар дид ва оҳ карду гузашт