Кӣми пайкони ту аз дил барояд

Магар чун ғунчаам аз гул барояд

Марез эй дидаи сайли хӯн ба Ҷайҳун

Мабодои мавҷ бар соҳил барояд

Диҳад ёди ман аз маҳмил нишинят

Чу маи зини нилгун маҳмил барояд

Сиришкам бар дарат афтода зонаст

Каз онҷои ҳоҷат соил барояд

Шабӣ бигузар хиромон бар харобот

Ки сад ғавғои з ҳар маҳфил барояд

Гар уфтад акси рӯят бар маи нав

Чу моҳи чордаҳ комил барояд

Магӯ ҷомӣ бидор аз доманами даст

Ки аз дасти ман ин мушкил барояд