Дилам бе ҷамоли ту нурӣ надорад

Ҷудо аз висолат сарварӣ надорад

Бибин лоларо бо ҳамаи бод дар сар

Ки пеши ту чандон ғурурӣ надорад

Ба май зон даҳум нақд ҳастӣ ки ҳар кас

Нашуд ғоиб аз худ ҳузурӣ надорад

Таҷаллии талаб Мӯсо туаст ҷонам

Ки ҷузи кӯҳи андӯҳ таврӣ надорад

Ба талхӣ ба сар май баради умри ширин

зи ширини лабати ҳарки шурӣ надорад

зи рашки ту бустони чунон мотамӣ шуд

Ки гул гарчи сӯрӣаст сӯрӣ надорад

з худ на?ил ҷомӣ на аз хубрӯён

Касе бар ту дар ишқ зӯрӣ надорад