Бар авҷи ҳасан рӯй ту моҳӣ буд тамом

Моҳияти ҷамол ту инаст вассалом

Мустағриқи мушоҳидаи он ду рух шудам

Зон фориғам ки моҳ кадомасту хури кадом

Зулфат чу соя аз сар сарват фитад ба хок

Бодам ба фарқи сояи сарви ту мустадом

Шайхони норасида чаҳ донанд қадари ишқ

Кам ҷӯии таъми пухтагӣ аз миваҳои хом

Аз зарқу ҳилаи дом ба ҳар сӯ ниҳода анд

То оваранд мурғи дили ҷоҳилӣ ба дом

Дртнгнои сӯрати тақлид монда аст

Зоҳиди паии муҳофизати эътиқоди ом

Ҷомӣ ки пай ба машраби таҳқиқ барда аст

Рағми авомро ба кафи худ ниҳодаи ҷом